letras.top
a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 #

letra de ману дарё (manu daryo) - хурмо ширинова (khurmo shirinova)

Loading...

ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё
ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё

зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ
ба поинҳо аз он боло – ману дарё, ману дарё

ман аз вай шӯр мегирам, вай аз ман шеър мегирад
ду пуршӯрему пурғавғо – ману дарё, ману дарё

ғазал мехонад ӯ, ман ҳам, фиғон месозад ӯ, ман ҳам
ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё

ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё
ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё

на парвои маломатҳо, на парвои сиёсатҳо
ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё

ба сад ранҷу тобу таб суруди зиндагӣ дар лаб
давонем аз паси дунё ману дарё, ману дарё

ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё
ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё

letras aleatórias

MAIS ACESSADOS

Loading...