letras.top
a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 #

letra de ҷони ман - наргис бандишоева (nargis bandishoeva)

Loading...

ман дигар танҳо наям
байни замину осмон
ман дигар мавзун наям
бо хандаҳои ҳамагон

ман дигар нозир наям
дар роҳи холии ҷаҳон
ман дигар мавзун наям
бо хандаҳои ҳамагон

ҷони ман, омадӣ
сад сол гар дер омадӣ
ҷони ман, хуш омадӣ
сад сол гар дер омадӣ

маро бибӯс, бо лафзи ҳақиқат
макун назди дурӯғ кӯтоҳзабонам
маро бишнос бо чашми муҳаббат
ки бе ишқу ҳавас безори ҷонам

манам дар чашмаи чашми ту хоҳам
бубинам оламе рӯ поку зебо
ба мизони баду некат гузорам
мани содда баду неки ҷаҳонро

ҳеҷ кас чун ман
наменозад таманнои туро
ҳеҷ кас чун ман
намебахшад гуноҳҳои туро
ҳеҷ кас чун ман
наменозад таманнои туро
ҳеҷ кас чун ман
намебахшад гуноҳҳои туро

сад сол гар дер омадӣ
ҷони ман хуш омадӣ

ман дигар танҳо наям
байни замину осмон
ман дигар мавзун наям
бо хандаҳои ҳамагон

ман дигар нозир наям
дар роҳи холии ҷаҳон
ман дигар мавзун наям
бо хандаҳои ҳамагон

ҷони ман, омадӣ
сад сол гар дер омадӣ
ҷони ман, хуш омадӣ
сад сол гар дер омадӣ

маро бибӯс, бо лафзи ҳақиқат
макун назди дурӯғ кӯтоҳзабонам
маро бишнос бо чашми муҳаббат
ки бе ишқу ҳавас безори ҷонам
манам дар чашмаи чашми ту хоҳам
бубинам оламе рӯ поку зебо
ба мизони баду некат гузорам
мани содда баду неки ҷаҳонро

letras aleatórias

MAIS ACESSADOS

Loading...