letras.top
a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 #

letra de ҷавонӣ рафт - afzalsho shodiev

Loading...

чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт
чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт
чи донову чи зебову чи ҷӯё буд, аммо зуд
ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ
ҷавонӣ рафт

гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин
куҷо он косаю он косагардонӣ?
ҷавонӣ рафт

бигуфтӣ талху дарди номаҳои сӯзнокамро
хати бутлон задӣ, ширини хатлонӣ
ҷавонӣ рафт

бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест
бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест
ки бо оҳу дареғову пушаймонӣ ҷавонӣ рафт

на дарё хушк шуд, на махзанеро раҳзане бирбуд
ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ?
ҷавонӣ рафт

ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ?
ҷавонӣ рафт

letras aleatórias

MAIS ACESSADOS

Loading...